Директори МД «Ҷаҳоннамо»

Шамсуддинзода Садриддин Зайниддин.

Соли таваллуд: 28-уми феврали соли 1967. Солҳои 1987 – 1989 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Белоруссия хизмат намудааст. Соли 1993 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог хатм мекунад. Шамсуддинзода Садриддин фаъолияти журналистии худро аз соли 1993 дар Радиои Тоҷикистон ба ҳайси Муҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотӣ оғоз намуда, баъдан солҳои 1996 – 2001 дар вазифаи Мудири Шуъбаи мухбирони Идораи барномаҳои иттилоотии Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон фаъолияти худро идома медиҳад. Аз соли 2001 то 2003 фаъолияти журналистии Шамсуддинзода Садриддин ба вазифаи Сармуҳаррири Идораи барномаҳои иқтисодии Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон идома меёбад. Солҳои 2003 – 2005 дар вазифаи Машваратчии калони Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Соли 2005 Директори шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон таъйин шуда, то соли 2008 ба фаъолияти худ идома мебахшад. Шамсуддинзода Садриддин солҳои 2008 – 2015 Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2016-2017 дар вазифаи Муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Шамсуддинзода Садриддин 15-уми марти соли 2017 бо қарори Ҳукумати ҶТ Директори Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» таъйин гардид. Хизматҳои Шамсуддинзода Садриддин бо медали «Хизмати шоиста» (соли 2006) қадр карда шудааст. 

*ИНОЯТЗОДА Шаҳло Иноят

аз марти соли 2017 дар вазифаи муовини аввали директори Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» кор мекунад

*Соли 1991 Донишгоҳи давлати миллии Тоҷикистон (рӯзона)  хатм кардааст

*Ихтисос   филолог – журналист

*Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1991 – 2002- Муҳаррири хурд, сармуҳаррири идораи ҷавонони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ
2002 – 2008- Журналис ва наттоқи Радиои мустақили «Азия плюс» 
2008 – 2012- Муовини директории Муассисаи давлатии ТВ «Сафина», шаҳри Душанбе
2012 – 2015-     Сармухаррири Муассисаи давлатии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон,                                       
2015 – 2017-   Аз марти соли 2017 то ҳоло Муовини якуми директор Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, Муовини аввали директори Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо»

*ҚУДРАТУЛЛОЗОДА Давлат Қудратулло

аз апрели соли 2017 дар вазифаи муовини директор оид ба корҳои техникии Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» кор мекунад

*Соли 2007 Донишгоҳи давлати миллии Тоҷикистон (ғоибона)

*Соли 2018 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст

*Ихтисос   муҳандиси маъдан – маркшейдер, физик

*Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2002 – 2003- Ёвари коргардони шуъбаи танзими Телевизиони Тоҷикистон,
2003 – 2004- Коргадони дараҷаи 1 шуъбаи танзими Телевизиони Тоҷикистон,
2004 – 2006- Коргардони дараҷаи 3-юми шуъбаи танзими барномаҳои телевизиони Тоҷикистон,
2006 – 2008-     Саркоргардони шуъбаи танзими барномаҳои телевизиони Тоҷикистон,                                   
2008 – 2017-  
Аз апрели соли 2017 то ҳоло
Сардори сехи маҷмааи таҷҳизоти студиявии Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо»,
Муовини директор оид ба корҳои техникии Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо»,