-7.7 C
Tajikistan
Friday, December 8, 2023

Сатҳи ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

19 сентябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот намуд, ки он дар ҳошияи маросими ифтитоҳи марҳилаи якуми татбиқи Лоиҳаи сармоягузории обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар шаҳри Бохтар доир шуд. 

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз сатҳи ҳамкории намояндагии Бонки ҷаҳонӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон изҳори қаноатмандӣ намуда, оид ба имконоти вилоят ва шароити мусоид барои татбиқи ислоҳот, сармоягузорӣ, рушди кишоварзӣ, обёрӣ, обтаъминкунӣ, истеҳсоли маҳсулот ва саноат, инчунин рушди сайёҳӣ сухан гуфт.

Доир ба натиҷаҳои тадқиқот оид ба хизматрасонии обтаъминкунӣ ва канализатсия дар вилояти Хатлон суҳбат анҷом дода шуд.

Иброз гардид, ки ҷиҳати таъмини самарабахши сармоягузорӣ дар доираи лоиҳаи обтаъминкунӣ, беҳдошт ва партовҳо бояд механизмҳои санҷидашудаи ҳамкорӣ бо шаҳрвандон, ҷамъиятҳо, шарикони рушд ва мақомоти дахлдори давлатӣ дар ноҳияҳои мавриди ҳадаф (Кӯшониён, Вахш, Ҷ. Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун) ба кор бурда шаванд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба имкони амалӣ намудани якчанд  тадбир дар самти рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат, инчунин нақши неруи созандаи бахши хусусӣ дар рушди иқтисодии вилояти Хатлон ибрози назар намуданд.

Зимни мулоқот инчунин масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар бахши технологияҳои нав ва дурнамои рушди равобит мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 узви Бонки ҷаҳонӣ гардида, соли 1996 дар мамлакат намояндагии Бонки ҷаҳонӣ таъсис ёфт. Аз соли 1996 Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 850 миллион доллари ИМА лоиҳаҳои гуногун амалӣ намудааст, ки сеяки ин маблағ ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва деҳот нигаронида шудааст.

Манбаъ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон/АМИТ «Ховар»

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуровро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

 14 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров парда бардоштанд

14 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассамаи...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатиро ба истифода доданд

14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров — шаҳраки...

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд оғоз гардид

Субҳи 14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодию...

Related news