-7.7 C
Tajikistan
Friday, December 8, 2023

Президенти Тоҷикистон даъват намуданд, ки сохтори низоми байналмилалии молиявӣ таҷдид гардад

19 сентябр дар қароргоҳи  СММ дар шаҳри Ню Йорк Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Саммити Ҳадафҳои рушди устувор иброз доштанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд возеҳ дарк намояд, ки мавзуи маблағгузорӣ барои рушд аз омилҳои муҳимми раванди ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор маҳсуб мешавад.

Дар идома Сарвари давлат таъкид намуданд, ки воқеияти феълии ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки сохтори низоми байналмилалии молиявӣ таҷдид гардад.

«Ҳамчунин давлатҳоро зарур аст, ки сиёсати масъулиятноки пулию қарзиро ба роҳ монда, ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодиро тақвият бахшанд, то барои мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ ҷиҳати татбиқи Рӯзномаи-2030 фазои мусоиди байналмилалӣ фароҳам оварда шавад», — тазаккур доданд Пешвои миллат.

Гуфта шуд, ки имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рафъи оқибатҳои мушкилоти молиявию иқтисодӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи иқтидорҳои мавҷуда бо мақсади таъмин намудани рушди босамари иқтисодӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба хотири тавсеаи имконоти маблағгузории бахши иҷтимоӣ талош меварзад.

«Мо чунин мешуморем, ки дар баробари равона намудани маблағҳои дохилӣ фароҳамсозии шароити байналмилалии мусоид барои афзоиши истеҳсолот ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор нақши муҳим мебозад», — изҳор доштанд Президенти мамлакат.

Таъкид гардид, ки тадбирҳои андешида набояд боиси зиёд шудани қарзи кишварҳо гарданд, зеро ин яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор доранд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуровро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

 14 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров парда бардоштанд

14 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассамаи...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатиро ба истифода доданд

14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров — шаҳраки...

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд оғоз гардид

Субҳи 14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодию...

Related news