7.5 C
Tajikistan
Tuesday, October 3, 2023

Ҳайати «Амонатбонк» дар ҷаласаи 29-уми Гурӯҳи минтақавии Осиё дар Мумбай иштирок намуд

 Гурӯҳи кории Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ҷаласаи 29-уми Гурӯҳи минтақавии Осиё ва Форуми ҷаҳонии молиявии соҳибкории хурду миёна дар соли 2023, ки бо ташаббуси Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузор ва чакана (WSBI) дар ҳамбастагӣ бо Бонки давлатии Ҳиндустон дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон доир гардид, иштирок намуд.

Дар ҷаласаи 29-уми Гурӯҳи минтақавии Осиё аз ҷониби Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузор ва чакана (WSBI) вобаста ба ҷараёни корҳо дар соли 2023 ва нақшаҳои минбаъда дар соли 2024 рӯнамоӣ манзур гардид. Дар он намояндагони бонкҳои амонатгузории аъзои Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана (WSBI) аз давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуда, оид ба дастовардҳои молиявии худ рӯнамоӣ пешниҳод намуданд.

Дар ҷаласа мушкилиҳои соҳа, пешниҳод ва имконият, экосистемаи рақамӣ ва ҳамкории байнибонкӣ баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон бо ташаббуси Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Форуми ҷаҳонии маблағгузории соҳибкории хурду миёна бо иштироки беш аз 700 нафар намояндагони ширкату бонкҳо доир шуд, ки дар он масъалаҳои марбут ба маблағгузории соҳибкории хурду миёна, дастгирии занони соҳибкор ва нақши соҳибкории хурду миёна дар рушди иқтисодиёт баррасӣ шуданд.

«Амонатбонк» аз соли 2004 аъзои Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана буда, то имрӯз бо он дар самтҳои гуногун ҳамкорӣ менамояд.

Беш аз 6700 бонки амонатгузор ва чакана аз тамоми дунё аъзои Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана буда, бештари масъалаҳое, ки бо ташаббуси ин институт баррасӣ мегарданд, аз танзими ҳамкории байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи ихтисоси мутахассисони бонкҳои аъзо иборат мебошад.

Манбаъ: «Амонатбонк»/АМИТ «Ховар»

Latest news

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Related news