7.5 C
Tajikistan
Tuesday, October 3, 2023

ШИНОСНОМАКУНИИ ЭЛЕКТРОНИИ РОҲҲО. Тоҷикистон бо таҷҳизоти бақайдгирии дороиҳои роҳ таъмин шуд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо дастгирии Бонки Осиёии Рушд бо таҷҳизоти бақайдгирии дороиҳои роҳ таъмин гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ доданд.

Таҷҳизот бо мақсади ҷамъоварии маълумот вобаста ба дороиҳои роҳ аз Зеландияи Нав дастрас шуда, дар мошини сабукрави тамғаи «TOYOTA-PRADO» васлу насб гардидааст. Он дорои сканери лазерӣ, 3 камера, одометр ва GPS мебошад.

Бо таҷҳизоти муосир маротибаи аввал дар таърихи Тоҷикистон ҳолати роҳ, индекси IRI, дарозии аниқи роҳҳои мошингард ва ҷойгиршавии иншоот ба таври электронӣ ба қайд гирифта мешаванд. Ба ибораи дигар – шиносномакунии роҳҳо ба роҳ монда мешавад.

Инчунин пас аз пурра ҷамъоварӣ намудани маълумот вобаста ба роҳҳои мошингарди истифодаи умум ва дороиҳои онҳо шакли электронии харитаи роҳҳои мошингард таҳия мегардад.

Бо истифода аз ин таҷҳизот ҳамзамон сифати корҳои нигоҳдорӣ, навсозӣ ва сохтмони роҳҳо муайян мегардад.

Манбаъ: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Related news