7.5 C
Tajikistan
Tuesday, October 3, 2023

Раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи махсус оид ба ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея иштирок намуд

 Имрӯз дар шаҳри Сеул Раиси  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи махсус оид ба ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея иштирок ва суханронӣ намуд.

Таъкид гардид, ки ҷаласаи мазкур ба эҷоди платформаи нав ва муайян намудани уфуқҳои нави ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея замина гузошт. Тоҷикистон аз ташаббуси таъсиси муколамаи стратегӣ дар шакли «Раисони парлумонҳои Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» ҷонибдорӣ менамояд.

Тазаккур дода шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноат, аз ҷумла саноати сабук, хӯрокворӣ, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ, бонкдорӣ, сайёҳӣ, рақамикунонии иқтисодиёт, иттилооту коммуникатсия ва ҳамкории транзитию нақлиётӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки Тоҷикистон мебошанд.

Ба гуфтаи Раиси Маҷлиси намояндагон, Тоҷикистон, ки дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, тавассути бунёди якчанд неругоҳҳои барқи обии иқтидорашон гуногун саъй дорад, ки бахши энергетикаи «сабз»-ро ба манфиати тамоми минтақа ба таври ҳамаҷониба рушд диҳад.

«Самти ояндадори ҳамкории мутақобилан судманди мо низ метавонад таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ барои содироти минбаъда бошад. Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, нақлиётӣ ва коммуникатсионии дорои аҳамияти минтақавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд», — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.

Изҳори итминон шуд, ки натиҷаи ҷаласа ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии давлатҳо такони нав бахшида, ба таъмини сулҳу субот, рушди устувор ва шукуфоии минтақа мусоидат менамояд.

Манбаъ: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  /АМИТ «Ховар»

Latest news

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Related news