4 C
Tajikistan
Tuesday, October 3, 2023

Маҳмадтоир Зокирзода: «Тоҷикистон ба ҷалби имконоти сармоягузории Корея ба бахшҳои гуногуни иқтисодӣ манфиатдор мебошад»

19 сентябр Раиси Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар доираи иштирок дар кори Конфронси якуми раисони парлумонҳои Корея ва Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Сеул идома дорад, дар иҷлосияи пленарӣ дар мавзуи  «Нигоҳ ва самти ҳамкории минтақавӣ байни Корея ва Осиёи Марказӣ: ҷаҳиши нав барои 30 соли оянда» суханронӣ намуд.

Таъкид шуд, ки ин иҷлосия дар роҳи рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи давлатҳои иштирокчӣ, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ иқдоми муҳим хоҳад буд.

Иброз гардид, ки тӯли се даҳсола муносибатҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Корея дар заминаи ҳусни тафоҳум, эҳтироми мутақобила ва эътимод босуръат инкишоф ёфт. Дар ин замина иҷлосияи мазкур метавонад минбари пурсамар барои тавсеаи ҳамкории байни давлатҳо гардад.

«Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро самти муҳими сиёсати хориҷии худ муайян намудааст, — изҳор дошт Маҳмадтоир Зокирзода. — Мо омодаем ҳамкории мутақобилан судмандро дар бахшҳои мухталифи иқтисод, сармоягузорӣ, фарҳанг ва дигар бахшҳое, ки ба манфиати давлатҳо мебошанд, таҳким бахшем».

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея равобити гуногунҷанба дорад ва метавон ҳамкории судманде дар соҳаҳои  иқтисодӣ,  гидроэнергетика, саноати нассоҷӣ, сабук, кимиё, хӯрокворӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо ва металлҳои нодир, мошинсозӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ ба роҳ монд.

Тазаккур дода шуд, ки ба роҳ мондани шаклҳои нави ҳамкорӣ дар ин соҳаҳо метавонад омили рушди назарраси муносибатҳои тиҷоратию  иқтисодии давлатҳои иштирокчӣ гардад.

Бо ин мақсад истифода бурдани иқтидори муассисаҳои молиявӣ, аз ҷумла Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ муҳим шуморида шуд.

«Дар ин замина мо ба ҷалби имконияти сармоягузории ҷониби Корея ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон манфиатдор мебошем. Мутмаинам, ки натиҷаи иҷлосияи имрӯза омили дигари муассири таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди парлумонҳо гардида, дар муносибатҳои давлатҳо саҳифаи нав боз менамояд», — иброз намуд Раиси Маҷлиси намояндагон.

Манбаъ: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Latest news

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Related news