Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвақтзода дар доираи ҳамкории дуҷониба бо намояндаи Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия дар сафорати Русия дар Душанбе Игор Бурулко ва мушовири сафорати мазкур Михаил Уколов ҷиҳати таҳкими ҳамкории илмию тадқиқотӣ вохӯрӣ намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар робита ба масъалаҳои гуногуни илмии дипломатӣ, тадқиқоти муштарак, нашри мақолаҳои илмӣ-байналмилалӣ, табодули илмӣ-академӣ ва омӯзишӣ мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид шуд, ки донишгоҳ омода аст ҷиҳати рушди муносибатҳои илмию таълимӣ ва анҷом додани пажуҳишҳои муштарак ҳамкориро бештар намояд.
Манбаъ: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»