Дар «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ»-и шаҳри Душанбе бо иштироки варзишгарон аз Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ доир гардид.
Мусобиқаи мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон дар доираи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.
Дар мусобиқаи мазкур раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташрифи меҳмонону варзишгаронро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт. Ҳамзамон аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи варзиш, аз ҷумла шиноварӣ ёдовар гардид.
Манбаъ: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон