4 C
Tajikistan
Tuesday, October 3, 2023

Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Туркманистон рушд меёбанд

14 сентябр раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо раиси кумита оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва байнипарлумонии Маҷлиси Туркманистон Бегмурат Муҳаммедов, ки ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои канории Вохӯрии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон омадааст, мулоқот намуд. 

Дар мулоқот таъкид шуд, ки пояи сиёсии муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамчун ду мамлакати соҳибистиқлол 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол «Оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» гузошта шудааст.

Рӯйдоди муҳим дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон сафарҳои расмии мутақобилаи Сарони давлатҳо ба шумор мераванд.

Дар доираи вохӯриҳои мунтазами Сарони ду мамлакат масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон ба таври амиқ баррасӣ гардида, инчунин самтҳои афзалиятнок ва дурнамои тақвияти минбаъдаи онҳо муайян гардидаанд.

Байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони Туркманистон гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ фаъол ҳастанд. Ҳадаф аз таъсиси ин гурӯҳҳо низ фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди равобити байнипарлумонии мамлакатҳои мо мебошад.

Дар маҷмуъ вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркманистон тамоюли мунтазами рушдкунанда дорад. Дар онҳо ҷараёни амалисозии кӯшишҳои дуҷонибаи мамлакатҳо баҳри ҳамкории бисёрҷабҳа дар асоси иқтидор ва талаботи ҳар ду давлат ба мушоҳида мерасад.

Манбаъ: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Latest news

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Related news