7.5 C
Tajikistan
Tuesday, October 3, 2023

Президенти Тоҷикистон таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамоҳангиро дар муқобила бо офатҳои обу иқлим пешниҳод намуданд

 Камобӣ, хушксолӣ, селу ярч, ки мо чанд сол боз пай дар пай мушоҳида менамоем, на танҳо ба хоҷагии қишлоқ, балки дар умум ба вазъияти иҷтимоӣ ҳам таъсири манфӣ мерасонанд. Мушаххас аст, ки мо бояд ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии худро дар муқобила бо ин вазъ, пеш аз ҳама, дар бахши обу энергетика тақвият диҳем. Чунин изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФНБА) дар Душанбе.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, «мо аллакай дар ҳайати Фонди байналмилалии наҷоти Арал комиссия оид ба об дорем, аммо платформаи танзими масъалаҳои энергетикӣ вуҷуд надорад. Соли гузашта дар нишасти сарони Чолпон-Ота мо дастур дода будем, ки барои ҳалли ин гуна масъалаҳо ҷаласаи вазирони энергетика таъсис дода шавад».

Тавре дар идома Пешвои миллат афзуданд, «мояи хушнудӣ аст, ки дар ҷараёни ислоҳоти Фонди байналмилалии наҷоти Арал масъалаҳои энергетика ба ваколати ин фонд дохил шуданд. Таклиф менамоям, ки дар доираи он комиссияи алоҳида оид ба масъалаҳои энергетика ташкил шавад.

Боварӣ дорам, ки чунин платформа барои таъмини ҳамкории давлатҳои минтақа ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мубрами энергетикӣ хеле муфид хоҳад буд, ки ин аз нигоҳи танзими масъалаҳои обу энергетикӣ дар доираи як ниҳод хеле муҳим аст.

Азбаски онҳо дар минтақаи мо бо ҳам алоқамандии зиёд доранд,  барои истифодаи оқилона ва самараноки эҳтиёҷот амалҳои бештар ҳамоҳангшуда, инчунин навсозии амалҳои мавҷудаи барои инфрасохтор мувофиқ зарур мебошанд. Ба андешаи мо, моро зарур аст, ки дар сохторҳои минтақавӣ, ки дар ин самт фаъолият доранд, талошҳоро муттаҳид созем».

Ба гуфтаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ҳамчун раиси феълӣ дар масъалаи такмили сохтори ташкилӣ ва заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии Фонди байналмилалии наҷоти Арал муносибати созанда дорад.

«Бархӯрди мо дар он аст, ки созмон бояд ба воқеияти имрӯза мувофиқат намояд ва ба хатару таҳдидҳои нав тоб оварад ва инчунин ба манфиатҳои давлатҳои муассиси худ комилан ҷавобгӯ бошад», таъкид доштанд Пешвои миллат.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Related news