4 C
Tajikistan
Tuesday, October 3, 2023

Аз ҷониби Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Созишнома оид ба таҳкими муносибатҳои нақлиёти рӯизаминӣ ба имзо расид

 Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар доираи мулоқоти панҷуми машваратӣ дар Душанбе панҷ санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд, ки яке аз онҳо Созишнома оид ба таҳкими муносибатҳои нақлиёти рӯизаминӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Ҳадафи Созишномаи мазкур таҳкими ҳамкории устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика арзёбӣ мегардад. Инчунин санад ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти рӯизаминӣ, таъмини муҳити рақобат дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва ташаккули долонҳои нави байналмилалӣ, аз ҷумла долонҳои мултимодалӣ, сода намудани раванди интиқол ва транзит тавассути нақлиёти рӯизаминӣ, рушди хизматрасонии муосири нақлиётӣ-логистикӣ, татбиқ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, хусусан рақамисозии раванди ҳамлу нақл, ташвиқ ва рушди амалияи истифодаи намудҳои нақлиёти аз лиҳози экологӣ ҷавобгӯ мусоидат менамояд.

Имзои Созишнома оид ба таҳкими муносибатҳои нақлиёти рӯизаминӣ аз ҷониби Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоле аст, ки 13 сентябр дар Душанбе нахустин мулоқоти вазирони нақлиёти Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар он масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика баррасӣ шуданд.

АМанбаъ: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Related news