7.5 C
Tajikistan
Tuesday, October 3, 2023

Вакилони Маҷлиси намояндагон бо кормандони неругоҳи «Бойғозӣ» оид ба 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ суҳбат намуданд

6 сентябр вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил Обидзода ва  Зулфиқор Гулаҳмадзода  бо кормандони Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ» вохӯрӣ намуданд.

Дар мулоқот раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси  намояндагон Фозил Обидзода вобаста ба сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат изҳори ақида намуда, бобати сазовор таҷлил намудани 32–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро иброз намуд.

Вакили Маҷлиси намояндагон Зулфиқор Гулаҳмадзода дар мавзуи сатҳу сифати таълиму тарбия дар мактабҳо, либоси ягонаи мактабӣ, донистани забони давлатӣ, обод гардонидани гӯшаи маҳал, ҳамзамон доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии  шаҳрвандон», даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстӣ, хизмати содиқона ба Ватан ва вазъияти ҳассоси пешгӯинашавандаи ҷаҳон суҳбатҳо доир намуд.

Манбаъ: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Related news