7.5 C
Tajikistan
Tuesday, October 3, 2023

Вазирони нақлиёти Осиёи Марказӣ дар Душанбе масъалаҳои марбут ба роҳу нақлиётро баррасӣ менамоянд

13 сентябр дар Душанбе масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт дар ҷаласаи нахустини вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ мегардад.

Ҷаласаи нахустини вазирони  нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳошияи баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд, аз ҷумла Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар Душанбе баргузор мешавад.

Вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ  масоили ҳамкориро  дар соҳаи роҳу нақлиёт баррасӣ намуда, интизор меравад, ки санадҳои дуҷонибаву бисёрҷониба ба имзо расонида шаванд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар пойтахти Тоҷикистон якчанд чорабиниҳои канорӣ гузаронида мешаванд, ки ба дурнамои рушди ҳамкории давлатҳои минтақа дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангу  гуманитарӣ нигаронида шудаанд. Форуми иқтисодӣ, намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти миллӣ, муколамаи занони  Осиёи Марказӣ, намоишгоҳи рассомон, нахустин форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, консерти тантанавии устодони фарҳанг ва санъати давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҳамин ҷумла мебошанд.

 Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Related news