7.5 C
Tajikistan
Tuesday, October 3, 2023

«ҶАВОНОН-ТАҲКИМБАХШИ ДАСТОВАРДҲОИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Бо иштироки беш аз 400 ҷавони фаъол ҳамоиш доир шуд

Ҷавонони Тоҷикистон имрӯз дар баробари дигар қишри ҷомеа дар пешбурди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ содиқонаву софдилона фаъолият доранд. Аз ҷаҳду талош ва фаъолияти намунавии онҳо эҳсос мегардад, ки ин қишри ояндасози ҷомеа дар зери ливои Истиқлолияти давлатӣ  бо боварии комил ба сӯи фардои дурахшон қадамҳои устувор мегузоранд. Ин матлаб имрӯз зимни баргузории Конференсияи ҷумҳуриявии «Ҷавонон-таҳкимбахши дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва пайравони Пешвои миллат» баён гардид.

Ҳамоиш бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии беш аз 400 нафар ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ доир шуд.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур — ин дар замири ҷавонон парвариши эҳсоси гарми ватандӯстӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳким бахшидан ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва қадр намудани хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби қишри фаъоли ҷомеа мебошад.

Таъкид шуд, ки ҷавонони Тоҷикистон чун дигар ҷавонони ҳамнабзи сайёра навоварӣ менамоянду худро ҳамқадами аср меҳисобанд, ки ин ҳама самараи Истиқлолияти мамлакат ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Тавре Сарвари давлат изҳор намудаанд: «Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор менамоем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар — Ватани худ содиқона хизмат менамоянд».

Дар конференсия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, роҳбарону намояндагони вазоратҳо, кумитаву  идораҳо, дорандагони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, гирандагони стипендияи президентӣ, олимону муҳаққиқони ҷавон, волонтёрон, ҷавонони фаъоли мамлакат ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Дар фарҷом ба як зумра ҷавонону варзишгарони фаъоли мамлакат мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ супорида шуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Related news