7.5 C
Tajikistan
Tuesday, October 3, 2023

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ба кашшофи асрори замин мукофоти давлатӣ супорид

 5 сентябр, дар арафаи ҷашни 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардори Корхонаи воҳиди «Экспедитсияи ҷустуҷӯию аксбардории геологӣ»-и Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Беҳрӯз Шарифовбарои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон— медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуд.

Тавре сардори маркази матбуоти Саридораи геология Мавҷуда Анварӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар маросими тантанавии супоридани мукофоти давлатӣ муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, роҳбарияти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Саридора иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода кормандони Саридораи геологияро ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, ин қадршиносиҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун подоши хизмати содиқонаи онҳо  ба давлати соҳибистиқлоли тоҷикон маънидод намуд.

Иброз гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи сиёсии муосири миллати тоҷик дастоварди бузург маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, ҳифзи ин дастоварди муқаддас вазифа ва рисолати халқи шарифи Тоҷикистон, аҳли зиё ва тамоми шаҳрвандони баору номуси Ватан мебошад.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта низ дар арафаи 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ як гурӯҳ  кормандони соҳаи геология  бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардида буданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Related news