4 C
Tajikistan
Tuesday, October 3, 2023

Вилояти Хатлон ҳамкориро бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ вусъат мебахшад

Тавсеаи ҳамкории дуҷониба, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастрасии технологияи нав аз масъалаҳое буданд, ки 5 сентябр зимни  мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари Намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон (FAO) Олег Кучгелдиев баррасӣ гардиданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамзамон масъалаҳои таъмини тухмиҳои хушсифату ҳосилдиҳанда ва ҷалби воситаҳои грантӣ барои рушди соҳибкории занон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки минбаъд низ ҳамкорӣ дар самти амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят рушди бештар меёбад.

Бояд гуфт, ки FAO дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва бехатарии ғизои мамлакатҳо саҳми арзанда гузошта истодааст.

Манбаъ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон/АМИТ «Ховар»

Latest news

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Related news