4 C
Tajikistan
Tuesday, October 3, 2023

Ба сокинони шаҳри Ҳисор, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, кумак расонида шуд

Дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ҷамоатҳои деҳоти Сомон, Дурбат, Алмосӣ, Хонақоҳи Кӯҳӣ ва Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор, ки бар асари бориши пуршиддати шаби 27 август хисороти зиёди молӣ дидаанд, кумаки моддӣ расонида шуд.

Бо иштироки муовини Раиси шаҳри Ҳисор ва намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар навбати аввал ба 63 оилае, ки дар ҳудуди деҳаҳои Шӯроби Искандар, Шӯроби Афғони деҳоти Сомон, Гулрез, Арбобии деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ, Хоҷачилдиёри деҳоти Мирзо Ризо, Кӯрпаӣ, Ҷиргинак, Лойоби деҳоти Алмосӣ ва Зартеппаи деҳоти Дурбат зарари бештар дидаанд, маводи хӯрокворӣ, аз қабили орду равған, нахӯд, инчунин ашёи рӯзгор, кӯрпаву болишт, матрас ва лавозимоти санитариву гигиенӣ тақсим гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ситод ташкил шудааст. Ситоди мазкур зарару хисороти ба хоҷагии халқ расидаро ҳисоб ва дар доираи имконият барои барқарор намудани иншооти аз сел зарардида мусоидат менамояд.

Манбаъ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Latest news

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Related news