7.5 C
Tajikistan
Tuesday, October 3, 2023

БАХШИДА БА 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе кормандони илму маориф қадрдонӣ шуданд

Дар давоми 32 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон аҳли маориф ва илми мамлакат дар баробари намояндагони дигар соҳаҳо  дар устувор гардонидани пояҳои давлатдорӣ ва сиёсати иҷтимоии ҷумҳурӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Чунин изҳор шуд зимни ҳамоише, ки бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир  гардид.

Таъкид шуд, ки соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ ба мо имкон дод, ки дар рушду тараққии мамлакати азизамон саҳм гузорем ва тавонем, ки мутахассисони варзида ва сатҳи байналмилалӣ тарбия намоем.

Дар ҳамоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ба 15 нафар кормандони соҳаҳои илму маориф, ки дар фаъолияти корӣ дар соҳаи маориф ва илм натиҷаҳои назаррас доранд, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — медали «Хизмати шоиста» ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорида, ҳозиринро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ – 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуд.

Гуфта шуд, ки дар арафаи ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонидани намояндагони соҳаи маориф ва илм, пеш аз ҳама, аз таваҷҷуҳи беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва илм дарак медиҳад.

Аз ин рӯ мо бояд минбаъд низ имконияту қобилияти зеҳнӣ ва донишу таҷрибаи худро ба ободу пешрафта гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол равона созем.

МАнбаъ: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Related news