7.5 C
Tajikistan
Tuesday, October 3, 2023

Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

 5 сентябр байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Созишномаро Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода ва намояндаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон Ангелина Шопп имзо намуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариш додани ҳамкории гуногунҷониба ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногуни илмӣ-таҳқиқотӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак, такмил додани меъёрҳои қонунгузорӣ бо инобати манфиатҳои миллӣ, ташаккул  додани донишҳои ҳуқуқии башардӯстона ва дастгирии иқдоми тарафайн иброз намуданд.

Давоми солҳои охир ҳамкории гуногунҷабҳаи Академияи идоракунии давлатӣ бо шарикони хориҷӣ беҳтар гардида, дар доираи ин ҳамкорӣ сатҳу сифати таълиму тарбия ва иқтидори техникии Академия беҳтар гардидааст.

Манбаъ: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Related news