7.5 C
Tajikistan
Tuesday, October 3, 2023

Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Чжао Лэтсзи

21 август дар доираи сафари расмӣ ба  Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Чжао Лэтсзи мулоқот анҷом доданд.

Мулоқот бо изҳори арзи сипоси самимии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даъват ва меҳмоннавозии гарму самимӣ оғоз гардида, сипас муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамтои худро ба муносибати интихоб гардиданашон  ба мансаби Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин табрик намуданд.

Бо қаноатмандӣ таъкид  шуд, ки робитаҳои байнидавлатии сифатан нав, ки бо талошҳои муштараки сарони ду давлат- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин устувор гардидаанд ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Чин ба принсипҳои ҳусни ҳамҷаворию  ҳамсоягии нек ва эҳтирому эътимоди тарафайн  асос ёфтаанд.

Дар ин зимн ҷонибҳо ибрози назар намуданд, ки робитаҳои байнипарламентӣ ба сифати василаи муҳими маҷмуи муносибатҳои мутақобилаи Тоҷикистон ва Чин барои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ ва дӯстии байни мардуми ду давлат мусоидат менамоянд.

Дар давоми  беш аз 30 соли охир  муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин бо такя ба эътимоду боварии ҳамдигарӣ ба сатҳи рушди босуръат ва баландтарин  дар тӯли таърих ноил гардиданд, ки дар арсаи муносибатҳои байналмилалӣ падидаи нодир аст.

Ҳамчунин дар ин давра масъалаҳои мавриди манфиати тарафҳо ва ҳамкорӣ дар арсаҳои гуногун густариш ёфта, натиҷаҳои пурсамари амалҳои муштарак дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» дастрас мегарданд.

Заминаи назарраси ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба бо Чин фарогири ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ буда, ба тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳарбию техникӣ мусоидат менамояд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суҳбат ба ҷониби Чин барои дастгирии амалисозии лоиҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ дар Тоҷикистон миннатдорӣ изҳор намуда, ҳамзамон тавсеаи ҳамкориро дар самтҳои нақлиёт, энергетика, саноат, илму маориф, тандурустӣ, мудофиа ва амният зарур шумурданд.

Дар рафти музокирот зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, инчунин дигар ташкилоти минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷонибҳо ба масъалаи муборизаи дастҷамъона  бар зидди терроризм ва экстремизм, сепаратизм, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Изҳорӣ боварӣ  шуд, ки Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳри таҳкими  муносибатҳои наздику боэътимоди байнидавлатӣ ва фароҳам овардани шароити зарурии ҳуқуқӣ ҷиҳати рушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар самтҳои ҳамкорӣ мусоидат менамояд.

Дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Чжао Лэтсзи даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оваранд. Даъват бо хушнудӣ қабул гардид.

Пас аз анҷоми музокироти ҳайатҳо байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишнома оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Сипас дар ҳузури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Чжао Лэтсзи маросими имзои санадҳои зерин баргузор гардид:

— аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини Раиси Агентӣ оид ба рушди ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Мардумии Чин Дэн Бо Чин номаи табодулӣ оид ба ҷудо намудани кумаки молиявии Чин дар ҳаҷми  2 миллион доллари ИМА барои сохтмони толори маҷлисгоҳ дар Маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини Раиси Агентӣ оид ба рушди ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Мардумии Чин Дэн Бо Чин номаи табодулӣ оид ба таҳқиқи қаблии техникии лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» (Smart city)-и шаҳри Душанбе; сохтмону навсозии роҳ ва 4 эстакадаи нав дар пойтахт, таъмиру навсозии гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Чин «Кулма-Қаросу», навсозӣ ва сохтмони қитъаи роҳ аз деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Чин «Кулма-Қаросу»;

— аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикитон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Зоҳир Саидзода ва муовини Вазири савдои Ҷумҳурии Мардумии Чин Лэн Ҷи санади супоридан ва қабули воситаҳои нақлиёти коммуналию сохтмонӣ, ки ба таври ройгон ҳамчун кумак аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Latest news

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Related news

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.