1 C
Tajikistan
Friday, May 24, 2024

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасонро ифтитоҳ намуданд

16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасонро ифтитоҳ намуданд.

Бинои Марказ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Иншоот аз 2 ошёна иборат буда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоию иқтисодӣ аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар масоҳати 816 метри мураббаъ сохта шудааст.

Корҳои сохтмониро кормандону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Истиқлол” дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд анҷом додаанд.

Дар Марказ 7 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба ва кордон ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин шудаанд, ки дар амалисозии барномаҳои нави таълимӣ саҳми босазо мегузоранд.

Марказ дорои шароити муосир буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 144 хонанда пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо 4 маҳфил амал мекунад, ки аз 16 гурӯҳи таълимӣ иборат мебошад.

Мувофиқи лоиҳа, дар бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон 8 синфхонаи таълимӣ ва ҳуҷраҳои корӣ ташкил гардида, кӯдакону наврасон ба маҳфилҳои гуногун ҷалб мегарданд.

Бинои Марказ аз маҷлисгоҳ, китобхона, синфхонаи лингафонӣ, синфхонаи компютерӣ, рассомӣ, дӯзандагӣ, пухтупаз ва меҳнат иборат буда,  дар он омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда мешаванд.

Дар китобхонаи марказ 500 номгӯйи китоби гуногуни бадеию таълимӣ мавҷуд аст. Раванди таълим дар маркази навбунёд бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  ба роҳ монда мешаванд.

Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳия бо системаи гармидиҳӣ, камераҳои назоратӣ ва дигар техникаи муосири маишӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Мавриди зикр аст, ки бунёди Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон дар ноҳияи дурдасти Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  аҳамияти хоса дошта, барои таҳким бахшидани қобилият ва инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасон заминаи мусоид мегузорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон масъулонро барои ҳарчи бештар ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб намудани кӯдакону наврасон, ташкили маҳфилҳо, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия кардани насли наврас ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ҳидоят намуданд.

Latest news

Завершился рабочий визит Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона в Германию

30 сентября Основатель мира и национального единства — Лидер нации, Президент Республики Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмон вернулся из Берлина на Родину после...

Энергетическая компания «Небрас» Катара выразила готовность инвестировать в строительство ГЭС «Шуроб»

29 сентября в Дохе Министр экономического развития и торговли Республики Таджикистан Завки Завкизода встретился с Исполнительным директором энергетической компании «Небрас» Халидом Мухаммадом...

В Таджикистане имеются большие возможности для расширения экспортной базы и увеличения оборота товаров и продукции в агропромышленном секторе

В Таджикистане имеются большие возможности для расширения экспортной базы и увеличения оборота товаров и продукции в агропромышленном секторе. Об этом подчеркнул 29...

Рустами Эмомали: «В сегодняшних условиях глобализации считается крайне необходимым процесс налаживания новой системы экономических отношений и максимальное её укрепление»

Как отметил Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустами Эмомали в ходе своего выступления на церемонии открытия...

Related news