7.5 C
Tajikistan
Tuesday, October 3, 2023

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар чорабиниҳои тантанавӣ ва кории Бозиҳои II кишварҳои ИДМ иштирок намуд

4-7 август ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён дар чорабиниҳои тантанавӣ ва ифтитоҳии  Бозиҳои II варзишии  кишварҳои ИДМ дар шаҳри Минск иштирок намуд.

Муовини Сарвазири мамлакат  Матлубахон Сатториён дар маросими ботантанаи ифтитоҳи  Бозиҳои II варзишии кишварҳои  ИДМ  иштирок намуд. Дар ин чорабинии бузурги варзишӣ, ки дар 10 шаҳри Беларус баргузор мешавад, меҳмонон ва варзишгарони  зиёда аз 20 давлати ҷаҳон  иштирок менамоянд.

Дар ҷараёни сафар ба Ҷумҳурии Беларус муовини Сарвазири Тоҷикистон ба  Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонии Беларус ташриф оварда, бо фаъолияти  кумитаи тадорукоту ҳамоҳангсозӣ ва маркази матбуотии  Бозиҳои II варзишии кишварҳои ИДМ шинос гардид.

Пас аз шиносоӣ бо равандҳои ташкилии мусобиқаи варзишӣ роҳбари ҳайати Тоҷикистон бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Игор Петришенко мулоқот намуд. Муовини Сарвазири Беларус ба ҷониби Тоҷикистон барои иштироки фаъолонаи варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои II варзишии кишварҳои  ИДМ, ки дар 14 намуди варзиш дар ҳайати беш аз 150 варзишгар рақобат мекунанд, изҳори сипос намуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Беларусро баррасӣ карда, аҳаммияти фаъолсозии шарикии стратегии дуҷонибаро таъкид намуданд.

Гузашта аз ин ҳайати Тоҷикистон дар доираи барномаи сафар бо Вазири варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Беларус Сергей Ковалчук мулоқот намуда, ҳамчунин бо Маҷмааи ёдгории давлатии «Хатынь» шинос шуда, ба пояи муҷассамаи «Одами шикастнопазир» («Непокоренный человек») гулдаста гузоштанд.

Дар фарҷоми сафар Матлубахон Сатториён таассуроти худро дар бораи сатҳи баланди ташкилӣ ва омодагии Ҷумҳурии Беларус ба Бозиҳои II варзишии  кишварҳои ИДМ ба воситаҳои ахбори омма  изҳор намуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Related news