7.5 C
Tajikistan
Tuesday, October 3, 2023

КИШТИ ТАКРОРӢ- АСОСИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар шаҳри Кӯлоб истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба 332,9 млн сомонӣ расонида шуд

5 июл муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла иҷрои кишти зироати такрорӣ, нашъунамою обёрии заминҳои  пахта, вазъи нуқтаҳои барқии таъминоти оби полезӣ ва амнияти озуқаворӣ шинос шуд.

Гуфта шуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2023 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба 332,9 млн сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,4 млн сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 106,9 фоизро ташкил дод.

Кишоварзони шаҳри Кӯлоб дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 10 ҳазору 646 гектар кишти асосии зироати кишоварзӣ гузарониданд.

Мувофиқи ҳисобот, ба ҳолати 1 июл ҳамагӣ 2595 гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки ба 88 фоизи нақша баробар аст. Кишти зироат дар шаҳр идома дорад.

Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ чорвои калони шохдор, модагов, саршумори моли майда, паранда ва асп нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардида, истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ, аз ҷумла гӯшт, шир, моҳӣ ва пашм низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфт.

Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб картошка, сабзавот, зироати хӯроки чорво ва меваҷот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд истеҳсол гардидааст.

Таъкид шуд, ки кишти такрорӣ асоси амнияти озуқаворӣ маҳсуб шуда, барои арзон шудани бозори истеъмолӣ бояд заминҳоро самаранок истифода бурда, аз як замин чанд ҳосил рӯёнем.

Баъди шиносоӣ бо вазъияти соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ баҳри мусоидат ба ҳали  мушкилоти соҳа дастуру супоришҳо дода шуд.

Манбаъ: «Навиди Кӯлоб» /АМИТ «Ховар»

Latest news

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Related news