7.5 C
Tajikistan
Tuesday, October 3, 2023

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов баргузор гардид, ки дар он самтҳои гуногуни ҳамкорӣ баррасӣ шуд.

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки давоми солҳои охир дар доираи сиёсати созандаи сарони давлатҳо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев рушди муносибатҳои дуҷониба таъмин гардид.

Ҳамзамон ҷонибҳо бо мақсади иҷрои супоришҳои сарони давлатҳо ба таҳкими минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои энергетика, тиҷорат, нақлиёт, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар самту соҳаҳо ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Амалигардонии нақшаҳо ва дар ҳамин замина таҳкими робитаҳо тавасути истифодаи захираҳои табиӣ дар соҳаи энергетика ба манфиати ҳарду давлати ба ҳам дӯсту бародар мебошад.

Сарвазирони Тоҷикистон ва Узбекистон амалишавии ҳадафҳои Роҳбарони давлатҳоро ҷиҳати равнақи ҳамкориҳо барои ҳарду ҷониб самарабахш донистанд.

Дар доираи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ рушди дучанди робитаҳо байни Тоҷикистон ва Узбекистон таъмин карда мешавад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Related news