7.5 C
Tajikistan
Tuesday, October 3, 2023

БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бӯстон маркази хизматрасонии «Artel» ифтитоҳ ёфт

Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Бӯстон маркази хизматрасонии «Artel» ба истифода дода шуд.

Иншооти мазкур дар шафати шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров воқеъ буда, минбаъд мутахассисони варзида ба мизоҷон хизмат мерасонанд.

Тибқи иттилои масъулин, маҳсулоти истеҳсолии ширкати «Artel» аз соли 2019 инҷониб дар бозорҳои Тоҷикистон ба фурӯш гузошта шуда, солҳои охир бо шарофати сиёсати дӯстонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев фаъолияти ширкати истеҳсолии «Artel» густариш ёфт.

Ширкат то ин дам зиёда аз 300 нуқтаву маркази фурӯши худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, азм дорад эътимоди мизоҷонро дар бозорҳои дохилу хориҷӣ ба даст орад.

Ин амали соҳибкорони ватандӯстро метавон қадами устувор дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва  Солҳои рушди саноат (2022-2023) унвон намуд.

Манбаъ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Latest news

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Related news