7.5 C
Tajikistan
Tuesday, October 3, 2023

БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Корхонаи истеҳсоли хишти пухтаи ноҳияи Мастчоҳ навсозӣ мегардад

Корхонаи истеҳсоли хишти пухта дар Ҷамоати шаҳраки Обшорони ноҳияи Мастчоҳ навсозӣ мегардад.

Корхона ҳанӯз охирҳои солҳои 80-уми асри гузашта ба кор оғоз карда буд, вале бо сабаби фарсуда шудани дастгоҳҳо муддате аз кор монд.

Ҳоло корҳои навсозию барқароркунӣ дар қисмати танӯрҳои корхона пурра ба анҷом расида, дастгоҳҳои наву замонавӣ, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин харида шудаанд, насб гардидаанд. Баробари ба фаъолият оғоз кардан дар корхона беш аз 50 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Баъди ба кор оғоз кардан ин дуюмин ва бузургтарин корхонаи истеҳсоли хишти пухта дар ноҳияи Мастчоҳ мешавад, ки иқтидори истеҳсолии он қариб 20 млн дона хишт дар як сол мебошад.

Барои чунин иқтидори бузурги истеҳсоли хишт роҳбарияти корхона аз Чин таҷҳизоти нав харидааст.

Ёдовар мешавем, ки корхонаи мазкур дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва  Солҳои рушди саноат (2022-2023) навсозӣ карда мешавад.

Манбаъ: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ/АМИТ «Ховар»

Latest news

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Related news