7.5 C
Tajikistan
Tuesday, October 3, 2023

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД иштирок намуд

19-20 июн дар шаҳри Минск Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи байнииҷлосиявии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД), ки таҳти раёсати ҷониби Беларус баргузор гардид, иштирок намуд.

Вазирон дар маҷмуъ вазъи байналмилалию минтақавӣ ва таъсири онро ба амнияти давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баррасӣ намуданд. Ҳамзамон доир ба масъалаи мукаммалсозии низоми бӯҳронӣ ва ҷараёни такмили Барномаи мақсадноки байнидавлатии Созмон оид ба таҳкими минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон табодули афкор сурат гирифт.

Аз натиҷаи ҷаласа як қатор қарорҳо ба имзо расонида шуда, Изҳороти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба вазъ дар Афғонистон қабул гардид.

Дар доираи вохӯрӣ роҳбарони мақомоти хориҷиро Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба ҳузур пазируфт.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ дар семоҳаи чоруми соли 2023 дар шаҳри Минск дар остонаи ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор мегардад.

Манбаъ: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Related news