Масъалаҳои рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, алалхусус ба кор ҷалб намудани шаҳрвандони Тоҷикистон чанде қабл дар мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода бо директори Департаменти ширкати нақлиётии «KIT»-и Русия Игор Долганов мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре гуфта шуд, дар мулоқоти мазкур таваҷҷуҳи асосӣ ба мавзӯи ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба кор дар ин ширкати нақлиётии Русия дода шуд. Дар ин ширкат барои хоҳишмандон шароити хуб барои фаъолияти меҳнатӣ ва будубош фароҳам оварда шудааст.
Мусоҳибон оид ба ҳамкории мақсадноки минбаъда бо ҷалби намояндаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Урал Беҳрӯз Холиқов ба мувофиқа расиданд.
Ширкати нақлиётии «KIT» дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил васеъ муаррифӣ шудааст. Ширкати мазкур интиқоли борҳоро барои шаҳрвандон ва корхонаҳо анҷом медиҳад ва дорои таҷрибаи чандинсола буда, ҷуғрофияи васеътарини ҳузур дорад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»