7.5 C
Tajikistan
Tuesday, October 3, 2023

Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон рушд медиҳанд

 Дар асоси Ёддошти тафоҳуме, ки 8 июни соли равон  дар доираи сафари давлатии Амири Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури сарони давлатҳо – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ байни ҳукуматҳо ба имзо расид, ҳамкории дуҷониба дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон рушд меёбад.

«Ёддошти тафоҳум ба амалигардонии фаъолияти сохтмонӣ ҷиҳати барқарор намудани муносибатҳои дуҷониба ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон байни Тоҷикистон ва Қатар, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ нигаронида шуда, барои омода намудани лоиҳаҳои муштарак, нақшаҳо ва ҷорӣ кардани дастовардҳои илмиву техникӣ дар соҳаи меъморию сохтмон ва инфрасохтор заминаҳои ҳуқуқии муносиб фароҳам меорад», — иброз доштанд дар Кумита.

Бояд тазаккур дод, ки Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон ва инфрасохторро Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар ба имзо расониданд.

Ёдовар мешавем, ки дар маҷмуъ, аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Related news