Дар калонтарин корхонаи истеҳсоли метал дар Тоҷикистон — «Норд Азия метал»-и ноҳияи Спитамен дар панҷ моҳи соли равон 12 ҳазор тонна маҳсулот ба маблағи 108 миллиону 500 ҳазор сомонӣ истеҳсол карда шудаааст. Бинобар афзудани талабот ба маҳсулоти профилу қубурҳои гуногунҳаҷм дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ин корхона ташкил гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона соли гузашта 35 ҳазор тонна профилу қубурҳои гуногунҳаҷм ба маблағи 270 миллион сомонӣ истеҳсол шудааст. Маҳсулоти истеҳсолшаванда воридотивазкунанда буда, дар соли гузашта илова бар таъмини бозори дохилӣ 300 тонна маҳсулот содирот карда шуд.
Дар корхона мунтазам барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот таҷҳизоти муосир аз давлатҳои пешрафта дастрас мегардад.
Ёдовар мешавем, ки корхонаи мазкур соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда, иқтидори истеҳсолии он 60 ҳазор тонна дар як сол мебошад.
Манбъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд/АМИТ «Ховар»