4 C
Tajikistan
Tuesday, October 3, 2023

Президенти Тоҷикистон: «Масъулин дар қатори истеҳсоли асал, гирифтани маҳсулоти иловагии асалпарварӣ, аз ҷумла гарди гул, ширеш ва заҳри занбӯрро васеъ ҷорӣ намоянд»

Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки истифодаи комплексии оилаҳои занбӯри асалро ба роҳ монда, дар қатори истеҳсоли маҳсулоти асосӣ (асал), гирифтани маҳсулоти иловагии асалпарварӣ, аз ҷумла гарди гул, ширеш ва заҳри занбӯрро васеъ ҷорӣ намоянд. Чунин супориш доданд имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар семинар – машварати занбӯриасалпарварӣ дар ноҳияи Ховалинг.

Сарвари давлат тазаккур доданд, ки гарчанде асал маҳсулоти асосии занбӯри асал ба шумор меравад, аммо арзиши он дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ нисбат ба дигар маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ садҳо баробар паст мебошад. Масалан, арзиши 1 килограмм гарди гул нисбат ба асал 6 баробар, ширеш 8 баробар ва заҳри занбӯр 660 баробар баландтар аст.

«Дар ҷумҳурӣ оилаҳои занбӯр барои истеҳсоли маҳсулот, афзоиш додани оилаҳо, инчунин, гардолуд намудани зироатҳои кишоварзӣ истифода мешаванд. Аммо дар аксари мавридҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ моҳияти гардолудшавии боғот ва зироатро сарфи назар намуда, дар ҳудуди заминҳои ба онҳо вобасташуда ҷойгиркунии оилаҳои занбӯри асалро бе пардохти маблағ аз ҷониби занбӯриасалпарварон иҷозат намедиҳанд, ки ин боиси паст гардидани ҳосилнокии зироат мегардад»,- иброз доштанд Пешвои миллат.

Ба таъкиди Роҳбари давлат, таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар аксари кишварҳои пешрафта хоҷагидорон барои дар заминҳои худ ҷойгир намудани оилаҳои занбӯри асал ҳавасманд буда, баръакс, ба занбӯриасалпарварон маблағ низ пардохт менамоянд. Тибқи хулосаи олимон, ҳангоми гардолудшавии растаниҳо бо занбӯри асал ҳосилнокии пахта ва офтобпараст аз 30 то 50 фоиз ва зироати дар гармхона парваришёбанда то 100 фоиз зиёд мешавад.

Манбаъ: Хадамоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Related news