7.5 C
Tajikistan
Tuesday, October 3, 2023

5 июн дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид

 5 июн дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия баргузор гардид, ки дар он масъалаҳо оид ба муборизаи дастҷамъона бар зидди хатарҳои замони муосир: терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин тақвият бахшидани ҳамкории минбаъдаи мақомоти корҳои дохилии ҳар ду мамлакат барои боздошти ҷинояткорони ҷустуҷӯшаванда, истифода аз малакаи касбии сохторҳои ташхиси криминалистӣ, тафтишоту таҳқиқ, хадамоту дастгоҳҳои фаврӣ ва алоқа баррасӣ гардиданд.

Пешгирӣ аз ҷиноятҳое, ки бо истифода аз технологияҳои замони муосир содир мешаванд, аз ҷумла азонихудкунии маблағҳо, бо роҳи тасарруфи маблағҳои электронии пулӣ, маблағгузорӣ ба шабакаҳои экстремистиву террористӣ аз мавзуъҳое буданд, ки ҳайати ду ҷониб барои ҳалли онҳо таваҷҷуҳ намуданд. Тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси самтҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ бо истифода аз имкониятҳои муассисаҳои олии таълимии ВКД Федератсияи Русия низ дар рафти мушовара баррасӣ гардид.

Намояндагони масъули вазоратҳои корҳои дохилии ҳар ду ҷониб баргузории мушовараҳои муштаракро омили таҳкимбахши ҳамкорӣ ва робитаи доимии вазоратҳои корҳои дохилии ду давлат арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо зимни баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи якҷоя ба тавофуқ расиданд, ки муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ду мамлакат барои решакан намудани ҷинояту ҷинояткорӣ, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар шаклҳои фаромилии кирдорҳои зидиҳуқуқӣ нақши арзанда хоҳад гузошт.

Ҳамзамон масъалаҳои муҳоҷират ва мушкилоти алоқаманд ба он мавриди муҳокимаронии роҳбарони аввали Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия қарор гирифт.

Бояд тазаккур дод, ки пеш аз оғози Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҳайати меҳмонон манзараҳои зебои табиати макони истироҳатии Маркази таълимии Раёсати минтақавии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро тамошо карданд.

Манбаъ: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар»

Latest news

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Related news