7.5 C
Tajikistan
Tuesday, October 3, 2023

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди мамлакат ва ташкилоти ҷамъиятӣ дар мавзӯи «Татбиқи муваффақи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» машварат баргузор гардид.

Чорабиниро Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ифтитоҳ намуда, оид ба ҳамкории бардавому  судманди дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ ва саҳми назарраси ташкилоти мазкур дар таъмини рушди устувори мамлакат изҳори назар намуданд.

Дар машварат Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Стратегияи милли рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030: дастовардҳо ва афзалиятҳои минбаъда» сухан карда, иброз дошт, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои 2016-2022 ҷиҳати тақвият бахшидани муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, мутобиқ намудани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ, шомил гардидани ҷумҳурӣ ба узвияти СУС, Конвенсияи СММ оид ба эътирофи қарорҳои судҳои арбитражи хориҷӣ, низоми андозбандӣ ва санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ташкили заминаи ҳуқуқӣ, ташкилии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин  муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорону сармоягузорон як қатор ислоҳоти назаррас анҷом дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар давоми солҳои 2016-2022 дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд устувории макроиқтисодӣ дар мамлакат таъмин гардида, рушди миёнасолонаи ММД зиёда аз 7 фоизро ташкил дод ва ҳаҷми ММД 1,6 маротиба зиёд шуд.

Даромади пулии аҳолӣ дар ин давра 1,9 маротиба афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ аз 31,3 фоиз то 26,3 фоиз коҳиш дода шуд ва шумораи соҳибкорон 1,6 маротиба зиёд гардид. Ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20 то 31 фоиз зиёд ва ҳиссаи воридот аз 80 то 69 фоиз кам гардид.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1,9 маротиба ва маҳсулоти кишоварзӣ 1,4 маротиба зиёд шуд, ки ин ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд. Ҳамзамон дар ин давра ду агрегати нави НБО –и «Роғун» ба истифода дода шуда, зиёда аз 2000 мегават иқтидорҳои нав ба кор андохти шуд.

Намояндагони шарикони рушд ислоҳоти иқтисодию иҷтимоии гузаронидаи Ҳукумати ҷумҳуриро бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегӣ натиҷабахш арзёбӣ намуда, омодагии худро дар татбиқи ислоҳоти минбаъда ва зиёд кардани кумаку дастгириҳои худ барои таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ баён доштанд.

Манбаъ: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Latest news

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Related news