0.3 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

«ТОҶИКСТАНДАРТ ОГОҲ МЕКУНАД!». Мутахассисони ин ниҳод корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр менамоянд

Роҳбарияти Агентии «Тоҷикстандарт» ҷиҳати риояи қонунгузорӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, қоидаҳои савдою  хизматрасонӣ ва  назорати нархи маҳсулот комиссияи назоратӣ таъсис дода,  инчунин 5000 дона варақаҳои рангаро  бо навиштаҷоти «Тоҷикстандарт огоҳ мекунад!»  дар бозору нуқтаҳои савдои шаҳри Душанбе насб кард, ки  иқдоми мазкур идома дорад.

Имрўзҳо мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт»  дар якҷоягӣ бо намояндагони сохторҳои дахлдор ва фурӯшандагони бозору  марказҳои шаҳри Душанбе ва дигар  шаҳру ноҳияҳои мамлакат  ҷиҳати риояи қонунгузорӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, қоидаҳои савдо,  хизматрасонӣ ва  назорати нархи маҳсулот корҳои назоративу машваратиро ба роҳ мондаанд.

Дар раванди корҳои фаҳмондадиҳӣ аз маъмурияти бозорҳо, марказҳои савдо, соҳибкорони инфиродӣ ва нуқтаҳои хизматрасон даъват ба амал оварда мешавад, ки фурӯшандагон ва ҳайати хизматрасонро бо либоси ягонаи махсуси корӣ ва нишони сарисинагӣ таъмин намоянд.

Дар баробари ин аз ҷониби мутахассисони Агентӣ ба муомилот набаровардани маҳсулоти пастсифат ё муҳлати истеъмолиашон гузашта ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои беасос болоравии нархҳо, яъне худсарона баланд бардоштани нархҳо, ба хусус маҳсулоти гӯштӣ, меваю сабзавот, биринҷ, равған ва дигар анвое, ки  маҳсулоти  ниёзи аввалия маҳсуб мегардад, пайваста назорат карда мешавад.

Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҷиҳати истифодаи тарозуҳо ҳангоми харидории маҳсулоти ғизоӣ  бо иштироки мутахассисони раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченак дар бозорҳои шаҳри Душанбе мониторинг гузаронида шуда, барои сари вақт бартараф намудани камбудиҳо дар ин самт ва ба тартиб даровардани истифодабарии «Тарозуҳои назоратӣ» ба роҳбарону масъулони бозорҳо тавсияҳои зарурӣ дода шуд.

Бояд тазаккур дод, ки тавассути гузаронидани вохӯрӣ ва семинар — машваратҳо бо истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва соҳибкорони воридкунандаи молу маҳсулот корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои савдо ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тақвият дода шуданд, ки дар натиҷа аз ҷониби соҳибкорони масъулиятшинос ба Агентӣ барои нобудсозии маҳсулоти ғизоии муҳлати истеъмолиашон гузашта дархост ворид шудааст.  Аз ҷумла, аз ҷониби соҳибкорон тибқи дархост зиёда аз 20 000 кг маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, ки муҳлати истеъмолиашон гузаштаанд, ба анбори нигоҳдории Агентӣ ворид гардида ва несту нобуд карда шуд.

Дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар раванди гузаронидани назорати давлатӣ дар субъектҳои хоҷагидори ҷумҳурӣ аз ҷониби мутахассисони Агентӣ барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, фурӯши маҳсулоти пастсифат ва хатарнок, риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон пайваста чораҳои маъмурӣ андешида мешавад.

Мнабаъ: Агентии «Тоҷикстандарт» /АМИТ «Ховар»

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news