0.3 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар натиҷаи заминларзаи 23 март ба чанд деҳа хисорот расидааст, сафар намуд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба бартараф намудани оқибатҳои заминларза таъсис дода шуд.

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  деҳаҳои  аз заминларза зарардидаи  ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо мардум суҳбат намуда, бо мақсади муайян намудани  хисороти офати табиӣ ва  бартарафсозии он як катор корҳоро анҷом дод.

Маълум гардид, ки дар деҳаҳои Палдорак, Роғ, Деҳманора, Пакшиф, Дашти миёна ва Лангар асосан иншооти ёрирасоне зарар дидааст, ки таҳкурсӣ надоштанд. Дар маҷмуъ бар асари заминларза дар ин деҳаҳои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ қисман манзилҳои истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва роҳҳои мошингард зарар дида, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Айни замон дар асоси супориши Сарвари давлат корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ оғоз гардидааст.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ таҳти назорати  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, оилаҳои манзилҳои истиқоматиашон зарардида ба ҷойҳои бехавф кӯчонида мешаванд.

Ба сокинони аз офати табиӣ зарардида дар кӯтоҳтарин муҳлат кумак, аз ҷумла масолеҳи сохтмонӣ, орд, равған, биринҷ, гӯшт ва дигар ашёву лавозимоти  зарурӣ расонида мешавад.

Сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои саривақт расидагӣ кардан ба мушкилиашон ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос  намуданд.

Хисороти пурраи офати табиӣ аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявӣ муайян карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 23 марти соли 2023 дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, ки маркази ҷунбиши қишри замин 132-километрии қисми шимолу шарқии шаҳри Душанбе, 50- километрии қисми шимолу ғарбии минтақаи Рашт ва 96- километрии шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди деҳаи Палдораки Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ умқи 11-километр ба қайд гирифта шудааст.

Қувваи заминларза дар маркази он 5-6 балл, минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил намуд.

Маротибаи дуюм соати 07:53 дақиқа ба вақти маҳаллӣ заминларза ба амал омад, ки қувваи он 4,8 баллро талшкил намуд.

Ҷунбиши қишри замин дар умқи 40-километр бо қувваи 4 бал, дар шаҳри Душанбе 1-2 балл ва дар минтақаи Рашт 2 баллро ташкил намуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news