-2.9 C
Tajikistan
Sunday, March 26, 2023

Брифинги намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО оид ба конфронси оби СММ доир гардид

 Дар қароргоҳи ЮНЕСКО — ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, воқеъ дар Париж дар доираи вохӯрии иттилоотӣ оид ба саҳми ЮНЕСКО дар баргузории Конфронси оби СММ, ки 22-24 марти соли 2023 дар Ню-Йорк баргузор мегардад, брифинги намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО Ҷамолиддин Убайдулло оид ба конфронси оби СММ баргузор гардид.

Намояндаи доимии Тоҷикистон доир ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон марбут ба об, тадбирҳои тадорукотии Конфронси оби СММ бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд ва ҳамзамон аҳамияти конфронс барои ҷомеаи байналмилалӣ маълумот дод. Мавсуф аз иштирокдорон даъват намуд, ки дар конфронс фаъолона иштирок карда, дар амалисозии натиҷаҳои он саҳми бештар гузоранд.

Дар вохӯрӣ беш аз 200 намояндаи давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои хориҷӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуд.

МАНБАЪ: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news