-2 C
Tajikistan
Friday, September 22, 2023

СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Бо мақсади тарғиби ташаббуси ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон дар Хуҷанд лавҳаи иттилоотӣ насб карда шуд

Бо мақсади ташвиқу тарғиби ташаббуси 5-уми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар маркази маъмурии вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд лавҳаи бузурги иттилоотӣ насб гардид.

Ҳадаф аз насби лавҳаи иттилоотӣ баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, ташвиқи ташаббуси панҷуми глобалии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки 14 декабри соли 2022 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми глобалии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид. Тибқи он соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардид.

Қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо барои аҳли башар дар ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рафъи норасоии об дар сайёра муҳим ва саривақтӣ буда, бузургтарин дастоварди мамлакати мо дар арсаи байналмилалист.

Тибқи ин Қатънома, соли 2025 дар пойтахти ҷумҳуриамон- шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор карда шуда, бори дигар Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешсаф дар ҳалли масъалаҳои муҳими глобалии марбут ба обу иқлим муаррифӣ менамояд.

Манбаъ: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор...

«MADE IN TAJIKISTAN». Дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food» хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд

 Шаш бренди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food», ки 19-22 сентябр дар шаҳри Москва баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Ин ҳайат...

Сатҳи ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

19 сентябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот намуд, ки он дар...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ бояд тақвият ёбанд»

Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ, ки омилҳои асосии рушди истеҳсолот мебошанд, бояд тақвият ёбанд ва ба раванди интиқоли технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ...

Related news