-2.9 C
Tajikistan
Sunday, March 26, 2023

ЛОИҲАИ «МИЛЛАТИ СОЛИМ». Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот баргузор шуд

Лоиҳаи «Миллати солим» дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия карда шудааст. Ҳадафи он баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандони мамлакат мебошад. Ин нукта зимни вохӯрии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаи амалишавии лоиҳаи мазкур дар Тоҷикистон таҳти сарварии намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон Озим Севимли  баён гардид.

Тазаккур дода шуд, ки Бонки ҷаҳонӣ шарики баэътимоди стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, бо дастгирии он дар мамлакат якчанд лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ татбиқ шуда истодаанд.

Ҳамзамон дар толори Маҷлиси намояндагон рӯнамоии лоиҳаи «Миллати солим» дар Тоҷикистон бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардида, иброз дошта шуд,  ки ҳоло лоиҳаи нави «Таҷрибаи глобалӣ дар соҳаи тандурустӣ, ғизо ва аҳолӣ» – лоиҳаи «Миллати солим» дар марҳилаи омодагӣ қарор дорад.

Ҳадафҳои пешбинишудаи лоиҳа баланд бардоштани сифати хизматрасонии ёрии аввалини тиббию  санитарӣ дар минтақаҳои интихобшуда ва таҳкими иқтидори миллӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи тандурустӣ мебошад.

Дар мулоқот муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим иштирок намуд.

Манбаъ: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news