-20.7 C
Tajikistan
Thursday, December 12, 2024

Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш навсозӣ мешавад

Дар доираи татбиқи «Лоиҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак ва беҳтар намудани хизматрасонии ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон» таъмири асосӣ, навсозии таваллудхона, сохторҳои ёрирасон, барқароркунии коммуникатсияҳои муҳандисии берунаи Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш идома дошта, 60 фоизи корҳои сохтмонии он ба анҷом расидааст.

Дар натиҷаи пурра анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ ва ба истифода додани беморхона, таҷҳизотҳои муоссири тиббӣ насб карда шуда, хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда мешавад.

Лоиҳаи мазкур дар асоси созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федоролии Олмон оид ба ҳамкории молиявӣ, маблағгузории бонки олмонии рушд ва барқарорсозӣ амалӣ мегардад. Маблағи умумии амалишавии лоиҳа 3 миллиону 167 ҳазору 118 евро буда, ба ҳолати имрӯза 2 миллиону 853 ҳазору 956 евро аз худ карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҷараёни корҳои сохтмонии Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш аз наздик шинос шуда, ба масъулин барои сари вақт ва босифат анҷом додани корҳо супориш дод.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳудуди беморхона 3,53 гектарро ташкил намуда, биноҳои асосӣ ва ёрирасон дар 1,61 гектар ҷойгир мебошанд. Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш дорои шуъбаҳои ҷарроҳӣ, дил, таваллуд, кӯдакона, сироятӣ, эҳёгарӣ, бемориҳои даруна, ҳуҷраҳои ёрирасони таҳлилгоҳ, қабулгоҳ, ёрии таъҷилӣ, рентген, хунгузаронӣ ва физиотерапӣ мебошад.

Инчунин беморхона дорои 173 кати хоб буда, 286 нафар кормандон, аз ҷумла 26 нафар духтурон, 165 нафар кормандони миёнаи тиббӣ, 50 нафар кормандони хурди тиббӣ ва 45 нафар коргарони хизматрасони техникӣ кору фаъолият мекунанд.

Манбаъ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон/АМИТ «Ховар»

Latest news

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд

5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд

5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои Суди Олӣ бо кормандони мақомоти судии кишвар мулоқот...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд

Related news