-3.5 C
Tajikistan
Thursday, September 28, 2023

ҲУШДОР! Хатари лағзиши тарма, резиши санг ва омадани сел то 17 феврал боқӣ мемонад

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави мамлакат ҳафт ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ  хоҳиш мекунад, ки аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд. Рафтан ба доманакӯҳҳо барои ҷмъоварии ҳезум, чорвочаронӣ ва шикор низ маслиҳат нест.

Ба иттилои манбаъ, 13 феврал дар ҳудуди ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим ва шаҳри Хоруғи ВМКБ ҳодисаи лағзиши тарма дида шуд. Бар асари он қитъаҳои гуногуни роҳи мошингарди Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб ва Хоруғ – Кӯлоб – Душанбе  муваққатан баста шуданд.

Ҳамзамон тахминан соати14:28-и вақти маҳаллӣ бориши зиёд дар километрҳои 21 ва 32-и роҳи дорои аҳамияти байналмилалии Хоруғ-Ишкошим, ки аз Баржири Ҷамоати деҳоти Аскар Зокирови ноҳияи Ишкошим мегузарад, сабаби лағзиши тарма шуданд.

Ғайр аз ин дар километри 27-уми роҳи мазкур, дар наздикии деҳаи Нишуспи Ҷамоати деҳоти Г.Шаҳбозов низ тарма омад. Барои бартараф кардани пайомадҳои ин офат техникаҳои Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ҷалб гардиданд.

Худи ҳамон рӯз, соати 18:14 ба вақти маҳаллӣ дар километри 7-уми роҳи Хоруғ-Ишкошим, ки аз қаламрави Ниводаки шаҳри Хоруғ мегузарад, ду ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Дар ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ набуда, тарма харобии дигар ҳам наовардааст.

Воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд ва роҳҳои мушкилгузару тармахези дигар навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда, ҳар лаҳза омодаи  кумак ба ронандагону мусофирон мебошанд.

Бино ба пешгӯии обуҳавошиносон, бар асари барфу борони зиёд ва болоравии ҳарорати ҳаво дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисмати ғарбии ВМКБ то 17 феврал хатари лағзиши тарма, резиши санг ва омадани селҳо боқӣ мемонад. Эҳтимоли яхбандӣ дар ағбаҳо ва туман дар водиҳо вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба ронандагоне, ки бо роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо сафар карданианд, ҳушдор медиҳад, ки қабл аз сафар дар бораи вазъи роҳҳо маълумот гиранд ва дар роҳҳо қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.

Манбаъ: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Олмон рафтанд

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ...

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ дар Қатар иштирок намуд

 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар Конференсияи 12-уми байналмилалии «Ба сӯи навсозии амали фарҳангӣ дар ҷаҳони Ислом», ки 25-26 сентябр дар шаҳри...

Ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ тақвият меёбад

 Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов бо роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ Макс Георг...

Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланд оид ба навкунии низоми омор дар Латвия иштирок дорад

26 сентябр дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия ҳамоиши сатҳи баланд барои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ҳамсояи шарқии Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар...

Related news