-3.2 C
Tajikistan
Thursday, September 28, 2023

Тоҷикистон соли 2022 ба маблағи зиёда аз 2 миллиард доллар маҳсулот содирот намудааст

Тоҷикистон соли 2022 ба  хориҷи мамлакат ба маблағи 2 миллиарду 142 миллион  доллар маҳсулот содирот намудааст, ки нисбат ба соли 2021 7,6 миллион доллар кам мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Баҳриддин Сироҷиддинзода иттилоъ дод.

Баҳриддин Сироҷиддинзода иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ 2 миллиарду 88 миллион долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,3 миллион доллар ё 1,2 фоиз коҳиш ёфтааст.

Соли 2022  66,7 ҳазор тонна пиёз ба маблағи 6769,1 ҳазор доллар содирот гардида, нисбат ба соли гузашта 29,2 ҳазор тонна кам мебошад. Дар айни замон содироти пиёз муваққатан манъ карда шудааст.

Бо мақсади муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ Агентии содирот дар оянда нақша дорад, ки дар Ҷумҳурии Туркия, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон Хонаи савдои Тоҷикистон  таъсис диҳад.

Гуфта шуд, ки бо мақсади муаррифии маҳсулоти ватанӣ, дарёфти бозорҳои содиротӣ дар айни замон Агентии содирот бо корхонаҳои бузурги содироткунанда ҳамкорӣ намуда, нақша дорад, ки маводи таблиғотӣ ва маҳсулоти содиротии корхонаҳои мазкурро дар сомонаи Агентӣ ҷойгир намуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва истеҳсолкунандагону содироткунандагони ватанӣ ҷиҳати сари вақт баррасӣ намудани дархостҳои харидорони хориҷии боэътимод тавасути сомона  роҳандозӣ намояд.

Инчунин дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 110 мамлакат, аз ҷумла бо 10 мамлакати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 100 мамлакати хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ ба роҳ монда, аз ҷумла ба 52 давлат маҳсулот содирот кардааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Олмон рафтанд

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ...

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ дар Қатар иштирок намуд

 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар Конференсияи 12-уми байналмилалии «Ба сӯи навсозии амали фарҳангӣ дар ҷаҳони Ислом», ки 25-26 сентябр дар шаҳри...

Ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ тақвият меёбад

 Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов бо роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ Макс Георг...

Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланд оид ба навкунии низоми омор дар Латвия иштирок дорад

26 сентябр дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия ҳамоиши сатҳи баланд барои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ҳамсояи шарқии Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар...

Related news