-2.9 C
Tajikistan
Sunday, March 26, 2023

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» омили асосии зиёд шудани талафоти барқро номбар намуд

Сабаби зиёд шудани талафоти неруи барқ дар солҳои 2021-2022 дар он аст, ки қаблан барои сабти нишондиҳандаҳои ҳисобкунакҳои барқӣ ва ҳисоби масрафи неруи барқ муҳлати муайян муқарар карда нашуда, дар натиҷаи дар муҳлати дуру дароз сабт ва ҳисобӣ намудани ҳаҷми барқи сарфшуда марзи давраи ҳисоботӣ гум мешуд. Ин ҳолат боиси нодуруст ба иҷро расидани ҳисоби масрафи неруи барқ ва талафот гардида, дақиқ муайян намудани нишондиҳандаҳои мазкур ғайриимкон мегардид. Дар ин хусус 13 феврал зимни нишасти матбуотии ҶСК «Барқи тоҷик» иттилоъ дода шуд.

Таъкид гардид, ки шурӯъ аз ҷамъбасти моҳи январи соли 2021 барои ҳисоби масрафи барқ ва бақайдгирии нишондиҳандаҳои ҳисобкунакҳои барқӣ 120 соат муайян карда шуда, баъди гузаштани ин муҳлат ворид намудани маълумот ба барномаи биллингӣ манъ карда шуд.

Бинобар сабаби то ҳол дар истифода қарор доштани шумораи зиёди ҳисобкунакҳои кӯҳнашудаи индуксионӣ, дар деҳаҳои дурдаст воқеъ будани муштариён ва дар барномаи биллингӣ ворид кардани муштариёни вуҷуднадошта соли 2022 ба ҳисоби миёна 7,9 фоиз ё 130 652 муштарӣ гардиш нашудааст.

Ба гуфтаи масъулин, таҳлили барномаи биллингӣ нишон дод, ки дар солҳои қаблӣ ба муштариёни аҳолӣ ҳаҷми зиёди неруи барқ ҳамчун истифодашуда нишон дода шудааст, ки ин ба воқеият умуман наздик нест. Инчунин барои паст нишон додани нишондиҳандаи талафоти неруи барқ муштарии вуҷуднадоштаро ба барнома ворид мекардаанд, ки аз ин барнома баровардани онҳо барои ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» то ҳанӯз мушкилӣ эҷод намуда истодааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news