9 феврал дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти роҳбарияти вазорат бо Директори минтақавии Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба рушди устувор дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, обтаъминкунӣ ва рушди энергетика, инчунин дигар масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкор намуданд.