-2.9 C
Tajikistan
Sunday, March 26, 2023

Воридоти сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон 1,9 фоиз афзудааст

Соли 2022 ба Тоҷикистон нисбат ба соли 2021 1,9 баробар зиёд сармояи мустақими хориҷӣ ворид карда шудааст. Дар робита ба ин Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имзо гардидани беш аз сад санади ҳамкорӣ дар соли гузашта ба маблағи умумии 32 миллиард сомонӣ иттилоъ медиҳад.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ гуфт, ки санадҳои ҳамкорӣ дар доираи баргузории форуму ҳамоишҳои соҳибкорию сармоягузорӣ, ки бо доираҳои сармоягузорию тиҷоратии давлатҳои хориҷӣ, назири Миср, Белгия, Чин, Туркия, Узбекистон, Корея, Русия, Беларус, Амрико, Арабистони Саудӣ ва форумҳои минтақавӣ дар вилоятҳои Суғд, Бадахшон, Хатлон баргузор карда шуданд, ба мувофиқа расонида шуданд.

Бо дахли сармоягузории давлатӣ Саъдӣ Қодирзода афзуд, ки дар ин давра 72 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 40,0 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, азхудкунии маблағҳо 5,3 млрд сомониро ташкил медиҳад.

Гуфта шуд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии афзалиятнок дар соҳаҳои калидии иқтисодиёти мамлакат бо шарикони рушд созишномаҳои нав ба маблағи беш аз 7 миллиард сомонӣ муодили 717,2 миллион доллар ба имзо расонида шуданд, ки 93 фоизи онро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news