-2.9 C
Tajikistan
Sunday, March 26, 2023

Дар озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» иштирок менамоем

Моҳи феврал даври якуми  озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти мамлакат оғоз мегардад.

Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чор давр аз моҳи феврали соли 2023 то моҳи декабри соли 2023 доир карда мешавад.

Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он аҳолии мамлакат, аз ҷумла, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, шунавандагони муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, аспирантон, унвонҷӯён ва докторантҳо, ходимони илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот, олимону муҳаққиқони соҳаи таърих), докторони илм (анъанавӣ), узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академияҳои соҳавӣ) иштирок карда метавонанд.

Донишҳои таърихии иштирокдорони озмун аз рӯйи хондани асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва осори дигари таърихӣ, аз ҷумла донистани маълумоти муфассал доир ба асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва муаллифи он, қобилияти нақлу тафсири воқеаҳои таърихии давраҳои муайян, баёни лаҳзаҳои муҳимми асар, қобилияти ровигӣ, сухандонӣ, асосноккунии рӯйдодҳои таърихӣ ва мақоми онҳо дар таърихи халқи тоҷик, донистани санаҳои муҳимми таърихӣ, давраҳои таърихӣ ва чеҳраҳои таърихсози халқи тоҷик, донистани мероси таърихию фарҳангии моддиву маънавии халқи тоҷик, маълумот доир ба ёдгориҳои таърихӣ, мавзеъҳои таърихӣ, ки баёнгари таърихи бостони миллати тоҷик мебошанд ва донистани сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои илмию бадеӣ оид ба таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик  муайян карда мешавад.

Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров доир мегардад.

Даври якуми озмун  моҳи феврал дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, даври дуюм моҳи июн дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе), даври сеюм  нимаи дуюми моҳи сентябр дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва даври чорум  нимаи якуми моҳи декабр барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Озмун таърихи халқи тоҷикро аз аҳди бостон то давраи соҳибистиқлолӣ дар бар гирифта, иштирокдорони он бо тартиби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 9-11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ (ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот, докторони илм (анъанавӣ), аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ) ва  калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун гурӯҳбандӣ карда мешаванд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news