-2.9 C
Tajikistan
Sunday, March 26, 2023

Соли 2022 дар Тоҷикистон номи 56 шаҳраку деҳот иваз карда шуд

Соли сипаригардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номи 56 шаҳраку деҳот иваз карда шуд. Дар ин хусус Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода 31 январ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Тавре мавсуф баён дошт, дар Тоҷикистон ҳудуди 430 шаҳраку деҳот мавҷуданд, ки ҳангоми иваз намудани номи онҳо хусусияту анъанаҳои хосашон ба инобат гирифта мешавад.

«Тартиби номгузории маҳаллаҳою деҳаҳо аз ҷониби худи маҳал пешниҳод карда шуда, тибқи анъанаҳои хоси деҳа ном гузошта  мешавад. Бояд гуфт, ки дар ҳар шаҳру ноҳияҳо комиссия оид ба номгузорӣ фаъолият мекунад, ки дар асоси он маҷлиси вакилони халқу шаҳру ноҳияҳо пешниҳод қабул намуда, баъд ба вилоят пешниҳод мекунанд. Он пешниҳодҳо барои қарор қабул намудан аз вилоят ба ҷумҳурӣ ирсол шуда, сипас номҳо иваз ва аз нав гузошта мешаванд»,-илова кард Раиси Кумита.

Таъкид гардид, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ба бунёди манзилҳои истиқоматии зебою замонавӣ, таҷдиду навсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зисти ҳар оила, кӯчаву хиёбон, маҳаллаҳои аҳолинишин аз ҷониби кумита тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news