-2.9 C
Tajikistan
Sunday, March 26, 2023

Соли 2022 дар вилояти Хатлон маблағгузорӣ ба рушди соҳаи иҷтимоӣ беш аз 2,1 миллион сомониро ташкил дод

Соли 2022 дар вилояти Хатлон маблағгузорӣ ба рушди соҳаи иҷтимоӣ беш аз 2,1 миллион сомониро ташкил дод. Дар ин бора сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Ҳабибулло Иззатуллозода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Таъкид гардид, ки соли 2022 мабалағгузорӣ ба рушди соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва дигар бахшҳои хоҷагии халқи вилоят 86.2 фоизи маблағҳои буҷетӣ ё худ 2116.6 миллион сомониро ташкил дод.

Соли 2022 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои корҳои омодагӣ ба давраи зимистон ба соҳаи маориф 10.9 миллион сомонӣ ва соҳаи фарҳанг 1.5 милион сомонӣ ҷудо карда шуд, ки ин аз 102 то 105 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ хароҷоти маблағҳои буҷети маҳаллӣ дар доираи иҷрои воқеии буҷет ба роҳ монда шуда, ба соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят бо дарназардошти маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ 2454.6 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки 99 фоизи нақшаи хароҷоти буҷети маҳаллии вилоят мебошад.

Манбаъ: Сарраёсати молияи вилояти Хатлон /АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news