-2.9 C
Tajikistan
Sunday, March 26, 2023

БАЪД АЗ ТАНАФФУСИ СЕСОЛА. «Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Урумчӣ-Душанбе барқарор менамояд

Шурӯъ аз 8 феврали соли равон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Урумчӣ-Душанбе баъд аз танаффуси сесола барқарор менамояд. Дар ин хусус Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «СомонЭйр» Абдулқосим Валиев имрӯз дар ҷамъи хабарнигорони дохилию хориҷӣ дар Душанбе иброз намуд.

Мавсуф дар нишасти хабарӣ гуфт, ки парвозҳо аз пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Урумчии Вилояти Мухтори Шинҷону Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳафтае як маротиба ба роҳ монда мешаванд. Баъдан шурӯъ аз моҳи марти соли равон дар як ҳафта ду маротиба парвозҳо дар масири Душанбе-Урумчӣ-Душанбе сурат мегиранд.

Бояд тазаккур дод, ки парвозҳо байни Душанбе ва Урумчӣ аз моҳи марти соли 2020 бар асари паҳн гардидани бемории ҳамагири СOVID-19 ва эълон гардидани пандемия дар ҷаҳон аз сӯи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ қатъ гардида буданд.

Ҳамзамон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Сомон Эйр» дар соли сипаригардида Абдулқосим Валиев гуфт, ки «соли 2022 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо мақсади мукаммал намудани парки ҳавопаймоии ширкат ва рушди инфрасохтори соҳаи авиатсияи мамлакат ду адад ҳавопаймои тамғаи «Боинг 737-800»-ро тариқи лизинги амалиётӣ аз яке аз бонуфузтарин ширкатҳои хориҷӣ — Aviation Capital Group /ACG/ харидорӣ намуд. Дар натиҷа теъдоди ҳавопаймоҳои ширкат зиёд шуда, ба афзоиши шумораи парвозҳо ва иҷрои саривақтии парвозҳои таъйинотӣ мусоидат намуд. Ин ду ҳавопаймо ба номи қаҳрамонони Тоҷикистон — Мирзо Турсунзода ва Нусратулло Махсум гузошта шудаанд».

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news