-2.9 C
Tajikistan
Sunday, March 26, 2023

Агентии хоҷагии ҷангал: «Дар сардиҳои охир талафёбии аз меъёр зиёди ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони нодир ба қайд гирифта нашудааст»

Дар моҳи январи соли равон (аз 11 то 30 январ), ки ҳаво якбора сард шуду барфи зиёд борид, дар ҳудуди ташкилоту муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал ва шикоргоҳҳои зертобеи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати фавқулода рух надода, инчунин талафёбии аз меъёр зиёди ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони нодир ба қайд гирифта нашудааст. Чунин иттилоъ дода шуд 31 январ дар нишасти матбуотии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2022.

Масъулин дар шарҳи бештари ин мавзўъ илова карданд, ки бо мақсади ҳифзу нигоҳдории олами ҳайвонот ваҳшӣ ва парандагони ҷангал, пешгирии талафёбии онҳо дар давраи сардиҳои зимистон то моҳи январи соли 2022 зиёда аз 18657 кг рези гандум, 4261 кг ҷав, шолӣ ва дигар донагиҳо, 29642 кг хошок ва хӯрокҳои консентратӣ захира карда шуда, роҳу пайраҳаҳои ҳайвонгузар ба тартиб дароварда шуданд.

Агентӣ бо мақсади пешгирии талафёбии ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони нодири дар ҳудуди ҷангалзорҳо ва хоҷагиҳои шикорӣ сукунатдошта дар сардиҳо ба ташкилоту муассисаҳои дахлдор барқияи фаврӣ ирсол карда, масъулини ситодҳои зимистонгузаронии шаҳру ноҳия ва вилоятҳо, роҳбарони сохторҳои марбутаро вазифадор намуданд, ки гузаронидани корҳои биотехникиро вусъат бахшида, сари вақт пошидани коҳ, рези гандум, ҷав, ҷуворӣ, намак ва дигар намудҳои хўроки дуруштро дар мавзеъҳои баландкўҳ таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news